Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқи оташнишонӣ дар «Бозори Сафариён»-и шаҳри Душанбе

IMG 9657

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои фаъолияти устувору самараноки соҳибкорону савдогарон тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст. Ҳамчунин бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, ташкили ҷойҳои корӣ ва кам намудани санҷишҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №362 аз 16 марти соли 2022 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор дода шудааст.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ҷиҳати таъмини бехатарии молу мулки тоҷирону савдогарон аз ҳар гуна ҳодисаҳои нохуш, ба хусус, ҳолатҳои сӯхтор пайваста тадбиру чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.
Дар ин замина, ташкил ва гузаронидани машқҳои амалии муштараки тактикӣ-оташнишонӣ дар бозору марказҳои калони савдо ва сари вақт ошкору бартараф намудани камбудиву норасоиҳои зиддисӯхторӣ дар онҳо яке аз омилҳои асосии кафолати ҳифзи ҳаёту саломатии савдогарону харидорон ва таъмини амнияти молу мулки тоҷирону соҳибмулкон аз нобудшавӣ дар оташ ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо ҳамин мақсад, дар асоси талаботи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои аз тарафи сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода тасдиқ гардида, дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Сафариён», воқеъ дар кӯчаи Сино 110-и шаҳри Душанбе, бо роҳбарии муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Саидбек Аминов, аз тарафи мутахассисони сарраёсат машқи амалии тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби масъулину дружинаи идоравии оташнишонии бозор ва хадамоту мақомотҳои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.
IMG 9669Бояд қайд кард, ки масоҳати бозор 1,3 гектар буда, дар он 400 мағозаҳо ва 1020 адад дӯконҳои савдову нуқтаҳои хизматрасонӣ фаъолият доранд. Баҳри таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор аз ҷониби маъмурият «Бозори Сафариён» бо 2 ҳавзу 3 адад гидрантҳои оташнишонӣ ва 5 сипарҳои сӯхторхомӯшкунӣ таъмин карда шудааст.
Тибқи сенарияи машқи амалии тактикӣ-оташнишонӣ гӯё мағозаву дӯконҳои савдои дохили бозорро дар масоҳати 750 метри мураббаъ оташи кушод фаро гирифта, хавфи паҳншавии бевоситаи он ба дигар қисматҳои бозор ба миён омадааст.
Аз ин лиҳоз, то ба ҷойи ҳодиса расидани қувваву воситаҳои Хадамоти давлатии оташнишонӣ роҳбари Ситоди машқи муштарак майори хизмати дохилӣ Фарҳод Нуриддинов тибқи нақша дар навбати аввал аъзоёни дружинаи идоравии оташнишонии бозорро ба таҳлияи одамону молу маҳсулоти соҳибкорону савдогарон ва пешгирии роҳҳои паҳншавии сӯхтор сафарбар намуд.
Дар кӯтоҳтарин фурсат 6 адад нақлиётҳои оташнишонӣ ва қуваву воситаҳои зарурии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ ба маҳалли ҳодисаи шартӣ ҳозир гардида, бо ташкил намудани 4 минтақаи муҳорибавӣ сӯхторро дар масоҳати аввалааш хомӯш намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини сардори СХДО ВКД полковники хизмати дохилӣ Саидбек Аминов ба машқи муштарак баҳои баланд дода, иштирокчиёни онро бо Ифтихорномаву раҳматномаҳо сарфароз гардонид.
Кор дар ин самт аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД дар дигар бозору марказҳои калони савдои ҷумҳурӣ идома дорад.
Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика