Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо наврасону ҷавонони ноҳияи Ёвон

 viber_2022-08-11_11-15-27-092

10 августи соли 2022 бо мақсади пешгирӣ аз гаравиши наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар Кохи фарҳанги ноҳияи Ëвон, бо иштироки фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, варзишгарон ва ҷавонони фаъол, омӯзгорон, раисони Кумитаҳои маҳал ва имомхатибон вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сардори Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Ёвон полковники милитсия Фидозода Мирзо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ëвон Мақсуд Раҳматуллоев, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ғуломов Меҳроҷ ва дигар ҷавонони фаъол иштирок ва суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ хотирмон баргузор гардида, иштирокчиён як қатор пешниҳодҳо намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 viber_2022-08-11_11-15-26-447




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2309

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика