Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чорабинӣ баҳри пешгирӣ аз сӯхтор

 viber_2022-08-10_15-34-49-187

Тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва роҳбарияти Сараёсати Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар вилояти Хатлон ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтори корхонаву муассисаҳои ҳаётан муҳим ва иншооти аҳамияти стратегидошта, диққати махсус зоҳир намуда, ҷиҳати таъмини пурраи вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор ва риояи қоидаҳои бехатарӣ, пайваста корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ ва машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ ташкил ва баргузор менамоянд.
Мунтазам ташкил ва баргузор намудани машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ дар бозору марказҳои савдо яке аз омилҳои асосии кафолати ҳифзи ҳаёту саломатии савдогарону харидорон ва таъмини амнияти молу мулки тоҷирону соҳибмулкон аз нобудшавӣ дар оташ ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо ҳамин мақсад дар бозори марказии ноҳияи А.Ҷомӣ бо иштироки муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Таҷалӣ Диловар Алӣ, машқи тактикӣ-оташнишонӣ бо ҷалби Хадамоти оташнишонии ноҳияи мазкур, кормандони милитсия, ёрии таъҷилии тиббӣ, шабакаҳои барқ, дастаи идоравии оташнишонии бозор ва дигар ниҳодҳои давлатӣ доир карда шуд.
 viber_2022-08-10_15-34-52-808Бо супориши роҳбари амалиёт ва Ситоди таъсисдодашуда, дастаи идоравии оташнишонии бозор бо як чолокӣ то ба ҷойи ҳодиса расидани қувваву воситаҳои хадамоти оташнишонӣ ба пешгирии роҳҳои паҳншавии сӯхтор ва наҷоти одамон аз ҳалқаи оташ шуруъ намуданд.
Дар ин муддат 4-адад нақлиётҳои сӯхторхомӯшкунӣ, 2-адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ва дигар хадамотҳои ҳамоҳангсозӣ низ ба маҳалли чорабинӣ ҳозир гардида, дастаҷамъона ва бо маҳорати баланди касбӣ сӯхтори шартиро бартараф намуданд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

2909

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика