Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳолати садамаи нақлиётӣ боиси марги мусофир ва яке аз ронандагон гаштааст

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

8-уми августи соли 2022, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Назаров Алихон Талбиевич, соли таваллудаш 1967, сокини ноҳияи Балҷувон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди “Восеъ-Ховалинг”, дар ҳудуди деҳаи Пушёни миёнаи ноҳияи Восеъ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори роҳ автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронанда Назаров А.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мусофири автомашина Қурбонов Абдувалӣ Ғаффорович, соли таваллудаш 1965, сокини ноҳияи Балҷувон, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳамзамон 9-уми августи соли 2022, тахминан соати 14:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Ҳасанзода Сиёвуш, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар километри 300-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», таҳти идораи Абдуллоев Рӯзимаҳмад Абдуллоевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Мастчоҳ бархӯрда, аз роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Тойота Раф-4», таҳти идораи Розиқов Маҳмадраҷаб Ғозиевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Мастчоҳ, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Тойота Прадо», Ҳабибуллоева Бунафша Саидаҳмадовна, соли таваллудаш 1981, сокини ш.Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи мазкур Ҳасанзода С. ва мусофираш ноболиғ, Ҳасанзода Манижа, соли таваллудаш 2010, сокини пойтахт, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика