Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Содир гардидани ду ҳолати қаллобӣ бо маблағи махсусан калон

01

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 43-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 753 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ маводи истифодабарии чилимро дастрас менамояд, аммо номбурда то ҳол вадаашро иҷро накардааст.
Ӽамзамон зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, марди 37-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи октябри соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 60 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ аз хориҷа барои равнақи тиҷораташ якчанд намуд маҳсулот дастрас менамояд, аммо маблағӽои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намуда, то ҳол барнагардонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда аз тарафи Прократураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» оғоз гардида, тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика