Дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор истиқболгирӣ ва таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, тибқи талаботи Вазорати корҳои дохилӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судмандро вобаста ба таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар доираи амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025» бо вазорату кумитаҳо, иншооти муҳими давлатию аҳамияти стратегидошта, корхонаву муассисаҳои мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ва ҷойҳои оммавӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардида истодааст.
Аз ҷумла, чунин ҳамкориҳои муфиди сарраёсат бо Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки роҳбарият ва масъулони корхонаи мазкур ба татбиқи амалии талаботи қонуну қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ва сатҳу сифати амалисозии нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, бо СХДО ВКД робитаи доимиро ба роҳ мондаанд.
Дар заминаи ин ҳамкориҳо, бо мақсади боз ҳам дар сатҳи баланд ба рох монда шудани вазъи бехатарӣ аз сӯхтор аз тарафи мутахассисони СХДО ВКД дар ҳамкорӣ бо Хадамоти ҳарбикунонидашудаи муҳофизатӣ ва бехатарӣ аз сӯхтори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» омӯзиши шахсони масъул ва коргарону хизматчиёни корхонаи мазкур бо қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, тибқи барномаи минимуми техникӣ-оташнишонӣ, ба таври назариявӣ ва амалӣ ташкил ва гузаронида шуданд. Дар ин машғулиятҳо сабабу омилҳои асосии ба амал омадани ҳодисаҳои сӯхтор дар ҷойҳои корӣ, бахусус иншооту нақлиёти роҳи оҳан, инчунин роҳу усулҳои сари вақт пешгирии ҳама гуна ҳодисаҳои нохушу ҳолатҳои фавқулода ва тартиби бехавфу самаранок бартарафсозии онҳо ба мутасаддиён ва коргарону хизматчиёни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба таври муфассал омӯзонида шуданд.
Ҳамчунин бо мақсади боз ҳам мукаммал гардонидани донишу малакаи масъулону коргарони корхонаи мазкур дар шароити ба воқеият наздик, тибқи нақшаи баргузории машқҳои тактикӣ-оташнишонӣ, ки таҳти назорати роҳбарияти ҳарду ҷониб омода ва тасдиқ карда шудааст, дар пойгоҳҳои вагонҳои боркаши шаҳри Душанбе ва минтақаи Хатлони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» машқҳои амалии тактикӣ-оташнишонӣ доир карда шуданд.
Дар ин машқҳои муштарак кормандони Хадамоти ҳарбикунонидашудаи муҳофизатӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор ва масъулону аъзоёни дастаҳои идоравии оташнишонӣ, инчунин қатораҳои оташнишонии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» бо истифода аз донишу малакаи дар машғулиятҳои назариявию амалӣ азхудкардаашон, дар баробари кормандони Хадамоти давлати оташнишонӣ аз худ маҳорати баланд ва чолокиву зиракӣ оид ба рафъи ҳодисаҳои сӯхтор ва дар ҳолати хуби омодабошӣ қарор доштанашонро намоиш доданд. Ҳолати хуби омодабошӣ аз пайваста диққати ҷиддӣ зоҳир намудани роҳбарияти корхона ба масъалаи таъмини вазъи бехатарӣ аз сӯхтор, ки яке аз самтҳои асосии сиёсати давлат маҳсуб меёбад, шаҳодат медиҳад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистон бо таъриху фарҳанг, илму адаб ва меҳмоннавозиву инсондӯстиаш дар ҷаҳон шӯҳрат дорад ва бо минтақаву мавзеъ ва шаҳрҳои зебову дилрабояш ҳазорон сайёҳу гардишгаронро доимо пазироӣ мекунад. Ҳамин аст, ки барои иштирок дар маъракаҳои идонаи аз пеш истода, вобаста ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бисёр мамлакатҳои мутараққии ҷаҳон ташрифи теъдоди зиёди меҳмонони олиқадр дар назар аст. Бинобар ин, дар баробари корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонию сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намудани роҳбарону масъулони вазорату кумитаҳо, иншооти муҳими давлатию аҳамияти стратегидошта, корхонаву муассисаҳои мухталифи шакли моликияту мансубияташон гуногун ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ҳам ниҳоят муҳим мебошад.
Хурсандиовар аст, ки Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, робитаҳои мутақобилан судмандро бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД ба роҳ мондааст ва дар ин самт ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гаштаанд. Чунин ҳамкориҳо ҷиҳати ноил гардидан ба натиҷаҳои назаррас дар таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор барои дигар корхонаву иншоот ва муассисаву ташкилот метавонад ҳамчун намунаи ибрат бошад.
Кароматулло Абдуллоев,
СХДО ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>