Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии арзу муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби Нуқтаи сайёри милитсия

image

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ муҳимтарин вазифаи давлат дар таъмини ҳифзи ҳаёт, саломатӣ, ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро иҷро мекунанд.
Ташкили Нуқтаи сайёри милитсия дар доираи ислоҳоти милитсия ин равнақ бахшидани ҳамкории боз ҳам наздик бо аҳолӣ, афзудани эътимоду боварии халқ ба ин ниҳоди калидӣ, таъмини шаффофият дар кору фаъолият ва муборизаи дастаҷамъона бо ҷинояткорӣ мебошад.
Имрӯзҳо бо ташкили гурӯҳ аз ҷониби кормандони шуъбаҳои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, нозирони минтақавии милитсия дар якҷоягӣ бо намояндагони Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди Раёсати мазкур, ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят Нуқтаи сайëри милитсия оид ба қабули муроҷиатҳои шахсони воқеӣ - ҳуқуқӣ бо мақсади муайян намудан, баррасӣ ва ҳалли мушкилоти ҷомеа бо аҳолии маҳалҳо ба деҳаҳои дурдаст рафта, вохӯриҳо мегузаронанд.
Нуқтаи сайёри малитсия баҳри амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии милитсия ба аҳолӣ ва афзоиши эътимоди шаҳрвандон ба мақомоти милитсия мусоидат менамояд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика