Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду садамаи нақлиётии марговар дар ҳудуди ноҳияи Ёвон

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

2-юми августи соли 2022, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Маркаев Баҳодур Яриқуллович, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, таҳти идораи Назаров Ғуломали Нуралиевич, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи “Мерседес-Бенс”, Назаров Ғ.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофираш Саъдуллоев Ҷамшед Алмасхонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ёвон ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ шудааст.
2-юми августи соли 2022, тахминан соати 05:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Раҷабов Акбар Файзалиевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи А.Ҷомӣ, дар ҳудуди деҳаи Парчасой, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ баромада ба канали обгузари роҳи калони мошингард афтида, ронанда Раҷабов А.Ф. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика