28-уми июли соли 2022, тахминан соати 16:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс-190”, Асламов Рамазон Тағоевич, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе, ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Валъамади Саидҷаъфар, соли таваллудаш 1995 бо ду фарзанди ноболиғаш Шеров Абдураҳмон Абдуманонович, соли таваллудаш 2016, Шерова Азизамоҳ Абдулманоновна, соли таваллудаш 2018, сокинони ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Валъамади Саидҷаъфар дар беморхона ба ҳалокат расида, хурдсолон Шеров А.А. ва Шерова А.А., ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>