Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкоршавии 20 ҳолати дуздии чорво дар ноҳияи Ҷайҳун

i 2

Пайи ҳам дуздида шудани чорвоҳои мардум аз ҷониби шахсони номаълум дар ноҳияи Ҷайҳун ва ворид шудани аризаву муроҷиати шаҳрвандон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур, масъулияти кормандони милитсияро барои ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир намудани гумонбарон дучанд кард.
Бо баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти хубу хизмати шабонарузӣ ба кормандони милитсия имкон дод, то ҷиноятҳо ошкор ва гумонбарон дастгир карда шаванд.
Ин се нафар: Самизода Саломуддин, соли таваллудаш 1988, Қосимов Саидалӣ, соли таваллудаш 1990, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд ва Суфиев Бобоҷон, соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Ҷайҳун мебошанд, ки дар 20 ҳолати дуздии чорвоҳои калону майдаи сокинони ноҳияи мазкур гумонбар дониста мешаванд.
Ин нафарони ҷиноятпеша шабона тариқи пинҳонӣ аз дохили оғилхонаҳо ва назди заминҳои хоҷагии деҳқонии шаҳрвандон чорвоҳои хурду калони сокинонро дуздида, аз ҷойи ходиса ба макони ба худашон мувофиқ интиқол медиҳанд ва маблағи аз фурӯши чорвои мардум ба даст овардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф кардаанд.
Маблағи умумии зарар ба шаҳрвандон зиёда аз 100.000 сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбарон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика