8-уми июли соли 2022, тахминан соати 05:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдуллоев Абдураҳим Муҳриддинович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди деҳаи Х.Ш.Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кабиров Анвар Касирович, соли таваллудаш 1950, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, Кабиров А.К. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
7-уми июли соли 2022, тахминан соати 17:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Портер», Шарипов Абдурашид Хошокович, соли таваллудаш 1977, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Фирдавси ноҳияи мазкур, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархарон, Фозилов Мирзоумар Одилович, соли таваллудаш 1962, сокини ноҳияи мазкуро пахш намудааст.
Дар натиҷа охирин ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>