Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадршиносӣ ба муносибати рӯзи касбӣ

IMG 9528

Рӯзи 2 июл ба муносибати рӯзи таъсисёбии хадамоти Бозрасии давлатии автомобилӣ дар толори Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар вилояти Суғд бо иштироки ҳайати шахсӣ ва собиқадорони соҳа ҷамъомади тантанавӣ ташкил карда шуд. Тавре аз таърих барои мо рӯшан аст ҳануз аз солҳои аввали пайдоиши Ҳокимияти Шӯравӣ Ҳукумат ба масъалаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ғамхорӣ зоҳир намуда моҳи марти соли 1936 Бозрасии давлатии автомобилӣ ба тобеъияти Сарраёсати милитсияи коргару деҳқон гузаронида шуд ва 3 июли ҳамон сол Шӯрои Комиссариати халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Низоменомаро «Дар бораи Бозрасии давлатии автомобилӣ» тасдиқ менамояд, ки аз ин баъд ҳамчун санаи таърихии таъсисёбии БДА шинохта шудааст.
Ҷамъомади тантанавӣ бо маърузаи табрикотии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич оғоз гардид, ки аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозиринро шодбошу қадршиносӣ намуд. Мавсуф таъкид намуд, ки таҷрибаи амалии фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ собит кардааст, ки кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, хусусан пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва пиёдагардон, бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, додани шаҳодатномаи ронандагӣ ва дигар вазифаҳо саҳм дошта дар сохтори ВКД мақомоти ягонаест, ки идоракунии давлатиро дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ амалӣ мегардонад.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Шуъбаи бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода аз таърихи бозрасии давлатии автомобилӣ ёдовари намуда, оиди пайдоши аввалин аломат ва қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, фаъолияти шабонарӯзӣ, саҳми бозрасон дар риоя ва таъмини тартибот дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят ба ҳозирин маълумот дод. Ҳамчунин вобаста ба дастгириҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати таъминоти моддӣ-техникӣ, таъмин намудан бо нақлиёти хизматӣ то техналогияи муосири хизматиро зикр намуда, ба собиқадорони соҳа сипосмандӣ барои гузоштани асоси фаъолият, тарбияи кадрҳои ҷавон ташкили пояҳои бунёдии хадамоти Бозрасии давлатии автомобилиро баён дошт. Аз кормандони феълӣ даъват ба амал овард, ки бо масъулияти баланд ва интизоми намунавӣ фаъолияти худро пеш бурда анъанаҳои хизматиро риояву такмил диҳанд, то ин кӣ волоияти қонун таъмин ва барои оромию осудагии мардум хизмат карда бошанд.IMG 9429
Собиқадорони соҳа низ аз дирӯзу имрӯзи хадамоти Бозрасии давлатии автомобилӣ сухан карда саҳми онро дар ҳифзи саломатии аҳолӣ ва таъмини бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ муҳим арзёбӣ намуданд.Дар хотимаи ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи касбии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ бо фармоиши роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд якчанд нафар кормандон барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ баҳри таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ошкорсозии қоидавайронкуниҳои дағал, интизоми намунавӣ ва иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар самти роҳу нақлиёт бо Сипоснома ва Ифтихорнома, ҳамчунин собиқадорони соҳа ва кормандони ғайриштатии дар самти БДА вобастагардида бо туҳфаву Сипоснома қадршиносӣ карда шуданд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика