Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти фаврӣ-хизматӣ дар СХДО ВКД

                       IMG 9503

Боиси шодию хурсандӣ ва ифтихору сарфарозист, ки имрӯзҳо баҳри сазовор истиқбол гирфтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама гӯшаву канори кишвари азизамон корҳои созандагиву ободонӣ бо маром авҷ доранд.

   Дар робита ба ин, тибқи талаботи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитися Раҳимзода Р.Ҳ., ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидан ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорию созандагӣ, роҳбарияти Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ бо дарки масъулияти баланд дар ин самт корҳои назаррасро анҷом дода истодаанд.

Аз ҷумла, дар доираи чорабиниҳои созандагиву ободонӣ, бо ташаббуси сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода соли 2022 ҳамчун «Соли хизмат» дар Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД эълон карда шудааст. Зеро самти хизмат ва омодагӣ дар хадамот яке аз самтҳои муҳими ниҳод ба ҳисоб рафта, сари вақт бартарафсозии ҳодисаҳои нохӯши сӯхтору техногенӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулодда аз сатҳи омодабошӣ, маҳорату малака ва дониши ҳар як корманд вобастагии зиёд дорад.

IMG 9479

Вобаста ба ин, бо мақсади ташкил намудани қисми намунавии оташнишонии аз ҳар ҷиҳат ҷавобгӯ ба замони муосир аз ҷониби Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД дар якҷоягӣ бо РХДО шаҳри Душанбе дар Қисми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт таъмири асосӣ гузаронида шуда, он бо техникаву таҷҳизотҳои зарурии замонавӣ, асбобу аёният ва адабиёти лозимии соҳавӣ таъмин карда шуда, барои ҳайати шахсӣ тамоми шароитҳои хуби корӣ ва маишии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ муҳайё карда шуданд.

IMG 9504

Санаи 02 июли соли 2022 ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти фаврӣ-хизматии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода дар СХДО ВКД доир гардид. Пеш аз ибтидои ҷаласа муовини Вазир, сардорони раёсату шуъбаҳо ва қисмҳои хадамоти давлатии оташнишонии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз рафти корҳои ободонӣ дар қисми намунавӣ ошно гардида, аз таҷрибаи пешқадам, навоварию дигаргуниҳои зиёд барои пешрафту самаранокии фаъолияти корӣ дар хадамот дидан намудаву табодули таҷриба намуданд.

IMG 9506

Сипас ба иштирокчиёни ҷаласа аз тарафи кормандони Сарраёсат машғулияти тактикӣ-оташнишонӣ вобаста ба самаранок ва дар кӯтоҳтарин фурсат хомӯшнамудани зарфи нақлиёти газкашон, наҷотдиҳии одамон аз биноҳои баландошёна ва дигар амалиётҳои фаврӣ-оташнишонӣ намоиш дода шуданд, ки барои фаъолияти корӣ, бахусус, дар самти хизмат хеле ҳам муҳим мебошанд.    

Машғулияти доир гарддидаро ҷамъомадагон бисёр хуш қабул намуда, аз муовини Вазир ва роҳбарияти СХДО ВКД хоҳиш карданд, ки баҳри табодули таҷриба чунин машғулиятҳои амалӣ аз тарафи мутахассисони Сарраёсат бо ҳайати шахсии онҳо низ дар ҷойҳо мунтазам ташкил ва гузаронида шаванд.

IMG 9498

Баъд аз анҷоми машғулияти амалӣ дар толори маҷлисгоҳи Сарраёсат ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти фаврӣ-хизматии Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа фаъолияти хизматии хадамот дар давоми шаш моҳ баррасӣ ва аз ҷониби муовини Вазир баҳогузорӣ карда шуд.

Ҳамчунин муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори хизмати дохилӣ Нозим Иброҳимзода зимни баромади ҷамъбастии худ ба ҷамъомадагон таъкид намуд, ки мо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, бахусус, кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ҷавоб ба дастгирию ғамхориҳои доимии Ҳукумати мамлакат вазифаҳои дар наздамон гузошта шударо доимо бо сатҳу сифати баланд иҷро намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ҳамеша содиқона ба давлату миллати хеш хизмати софдилона намоем.

         Инчунин барои боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда шудани кору фаъолияти ниҳод дар ҳама самтҳои фаъолият, дар давоми семоҳаи сеюми соли 2022, аз тарафи муовини Вазир ба роҳбарияти СХДО ва ҷузъу томҳои он дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика