Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

03

28-уми июни соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Муртазоев Зоиршо Маҳмадмуродович, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Кулоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Б.Абай пойтахт, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, пиёдагардон: Аралова Бахтиниссо Тоштемуровна, соли таваллудаш 1980 ва Каримов Тағоймурод Раҷабалиевич, соли таваллудаш 1959, сокинони пойтахтро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагардон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанда, Аралова Б.Т. дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
29-уми июни соли 2022, тахминан соати 07:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Иззатов Рустамшоҳ Нуриддинович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Қосимободи ноҳияи Рӯдакӣ, дар роҳи дуюмдараҷа ба роҳи асосӣ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Ҳакимов Ахмед Шарҳиддинович, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи мазкур бархӯрда чаппа шудааст.
Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Ҳайитова Манзура Гулмаҳмадовна, соли таваллудаш 1984, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика