Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории ҳамоиши илмии “Пешвои миллат нахустин фарди ваҳдатовар” бахшида ба 25-умин солгарди Ваҳдати миллӣ

 viber_2022-06-29_17-24-52-670Ба ифтихори тантанаҳои ҷашнӣ ба истиқболи 25-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Пешвои миллат нахустин фарди ваҳдатовар” баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш роҳбарияти ВКД, МИҲД Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, доираи васеи сокинони ноҳия, аҳли зиё, раисони маҳаллаву ҷамоатҳо, ҷавонон ва халифаҳо, иштирок доштанд.

Дар оғози чорабинӣ муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо иштирокдорони ҳамоиши илмиро аз номи Вазири корхои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба муносибати солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуд.
Сипас ба иштирокдорони ҳамоиши илмӣ филми ҳуҷҷатӣ, ки дастовардҳои беназири замони соҳибистиқлолии кишвар ва пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Роштқалъа ва дигар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ-ро бозгӯ мекард, намоиш дода шуд. Баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ Аламшозода А.А. дар мавзуи “Пешвои миллат нахустин фарди ваҳдатовар” маъруза намуда, аз рӯзҳои нахустини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва нооромию даргириҳои ибтидои солҳои 90-ум дар кишвар ёдоварӣ намуд. Аз ҷумла зикр дошт, ки ба туфайли сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ҷангу нооромиҳо гирифта шуда, мардуми сарбаланди кишвар ба ваҳдати миллӣ ва суботи комили сиёсӣ расиданд.
Аз файзу нусрати ваҳдат кишвари тозаистиқлол ба марҳилаи рушду инкишофи бесобиқа рӯ овард ва имрӯз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, махсусан Бадахшон ба таври рӯзафзун рушду нумӯъ ёфта истодаанд.
Дар идомаи кори ҳамоиш раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ суханронӣ намуда, ин санаи таърихиро ба кулли сокинони вилоят, аз ҷумла бошандагони ноҳияи Роштқалъа самимона табрику таҳният намуда, дар мавзуи “Рисолати зиёӣ дар таъмини суботи сиёсӣ” маъруза намуд. Қайд дошт, ки бо хиради азалии миллати фарҳангсолор, талошҳои самимонаву иродаи қавии Пешвои мардумӣ сабаб шуд, ки сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба сарзамини Тоҷикистон боз гашта, миллат аз нестӣ ва давлат аз нобудӣ наҷот ёфт.21212
Дар раванди кори ҳамоиш Нусратулло Мирзоев - муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Худшиносӣ сутуни ваҳдати миллӣ” баромад намуда, таъкид дошт, ки Созишномаи сулҳ бо арзиши бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф қарор дорад. Гуфта шуд, ки агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ Истиқлолият ва соҳибихтиёриро оварда бошад, пас Созишнома дар Ватани мо сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллиро таъмин намудаст.
Дар ҳамоиши илмӣ сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон низ дар мавзӯи “Ваҳдати миллӣ - падидаи нодири таърихии даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд дошт, ки 25 сол муқаддам, яъне 27 уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат марҳилаи нав оғоз гардид. Зикр намуд, ки Ваҳдати миллӣ ба яке аз арзишҳои муҳими ҷомеаи мо табдил ёфта, масъалаи ваҳдату ягонагӣ дар кору фаъолияти давлат ва ҳар фарди ҷомеа қадру манзалати баланд ва ҷойгоҳи муҳим дошта, мардуми Тоҷикистон ин арзиши миллиро ҳамеша гиромӣ медоранд ва онро ҳифз мекунанд.
Дар ҳамоиши илмӣ ҳамзамон раиси ноҳияи Роштқалъа Аъзам Шомирзозода ва раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Ҳамчунин ба намояндагӣ аз номи сокинони ноҳияи Роштқалъа ҷавонону пирони рӯзгордида ва бонувони собиқадор ва хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар васфи Ваҳдат, Ватан нақши Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва ваҳдатофарии Роҳбари давлат порчаҳои шеърӣ ва суханҳои пурмазмун ироа намуданд.
Дар фароварди чорабинӣ филми ҳуҷҷатии вобаста ба ҳифзи дастовардҳои миллӣ ва порча аз мулоқоти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чанде пеш дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сурат гирифт ва дар он Роҳбари давлат марҳилаи нави рушду нумуъ ва тараққиёти минбаъдаи ВМКБ-ро муайян намуданд, намоиш дода шуд.
Дар фарҷоми ҳамоиши илмӣ фаъолону собиқадорони меҳнат бо нишонҳои сарисинагӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Дар интиҳои кори ҳамоиши илмӣ-назариявӣ туҳфаҳои арзишноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони ҳамоиш дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуданд. Далер Чоршанбе




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

04.08

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика