Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ду ноболиғ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

19-уми июни соли 2022, тахминан соати 11.50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота”, Аҳроров Раҳматулло Аҳрорович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар роҳи мошингарди шаҳраки Ганҷобод аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Саидова Ясмина Ҷамшедовна, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Роҳатиро пахш намудааст.
Дар натиҷа Саидова Я.Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ, 20-уми июни соли 2022, тахминан соати 15:55-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс Спринтер», Ҷамилов Абдураҳим Абдумаҷидович, соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҷамоати деҳти Ғозиён бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ҳангоми ба қафо ҳаракат кардан хурдсол, Фармони Фариддунзода, соли таваллудаш 2020, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа хурдсол, Фармони Ф. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика