Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таркиши зарфи гази моеъ дар Қаҳвахонаи «Лола»

Бар асари риоя накардани талаботи қоидаҳои бехатарӣ соати 09:20 дақиқаи рӯзи 20 июни соли 2022 дар Қаҳвахонаи «Лола», воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 13-и шаҳри Душанбе, таркиши зарфи гази моеъ ба вуқуъ омада, дар масоҳати 5 метри мураббаъ дохили қаҳвахонаро оташ фаро гирифт.

Дар натиҷа 1 нафар шаҳрванд ҷароҳати сӯзиши бадан бардоштааст. Сӯхтор аз тарафи оташнишонон ба зуддӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд. Фавти одамон ба қайд гирифта нашудааст.
Қаҳвахона ба соҳибкор Муродалиев Додхоҳ Саидқулович, соли таваллудаш 15 июни соли 1970 таалуқ дорад.
Санҷиши сабабҳои сар задани сухтор дар қаҳвахона аз тарафи СХДО ВКД ва прокротураи шаҳри Душанбе идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика