Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати ронандаи “Скутер” дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

15-уми июни соли 2022, тахминан соати 21:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Расулов Шаҳриёр Каримович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Зебунисо ба самти маҳаллаи Мирзобек аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада пиёдагард, Мадумаров Икром Умедҷонович, соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
16-уми июни соли 2022, тахминан соати 12:10-дақиқа, ронандаи “Скутер”, Норматов Абдумумин Махатович, соли таваллудаш 1958, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Султонобод, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёти дучархааш набаромада ба самти муқобили роҳ баромада ба воситаи нақлиёти тамғаи “ГАЗ-53”, Бобомурадов Тураназар Қурбонович, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Янгиобод бархурдааст.
Дар натиҷа ронандаи “Скутер”, Норматов А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва мусофири “Скутер” Холматов Тоҳир Чориевич, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи мазкур ба саломатиаш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

30.06

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика