Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қадрдонии собиқадорони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон

283322751 131028879537366_6059219953241085315_n

Дар ҷамъомаде,ки дар толори маҷлисии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон доир гардид, собиқадорони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.

Ёдовар мешавем,ки имрӯз дар Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба 30 -юмин солгарди таъсиси Шӯрои собиқадорони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон чорабинӣ доир гардид.
Дар он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, собиқадорону кормандони Раёсат ва ҷузъу томҳои он иштирок доштанд.
Дар назди Санги поси хотира чун рамзи эҳтиром аз ҷониби сардори раёсати мазкур ва собиқадорон гулчанбар гузошта шуд.
Сипас, дар толори маҷлисигоҳи Раёсат ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд.
Дар он сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, раиси Шӯрои собиқадорони милитсия дар вилояти Хатлон Табарзода Валиҷон Саид ва чанде дигарон дар бораи ҳадафи таъсиси Шӯро, хизматҳои шоёни собиқадорони соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон суханронӣ намуданд.
Собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон баромад карда, аз иҷрои вазифаву уҳдадориҳо ва дигар хизматҳои худ ёдовар шуда, иброз доштанд, таваҷҷӯҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат ва Роҳбарияти вазорати корҳои дохилӣ собиқадорони мақомотро водор менамояд, ки ба касби интихоб намуда содиқ монда паҳлӯ ба паҳлӯ бо кормандони амалии мақомот дар ба танзимдарории муносибатҳои ҷамъиятӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷомеа, таъмини тартибот ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳмгузорӣ намоянд.
Дар қисмати дигар филми мустанаде аз таърихи фаъолияти милитсияи вилояти Хатлон ба намоиш гузошта шуд, ки фарогири тамоми самтҳои фаъолияти милитсияи Хатлон буд.
Собиқадорони соҳа аз ҷониби Роҳбарияти Раёсат бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика