Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгир гардидани ду қаллоб

043

Ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 31-солаи сокини ноҳияи Кушониён муроҷиат намудааст, ки санаи 14-уми сентябри соли 2020, марди 33-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мерседес Бенс”, ки арзишаш 85 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад, нархгузори карда гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои навбунёд воқъе дар шаҳри Душанбе, 3-хонага гирифта медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Инчунин ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 36-солаи сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намудааст, ки соли 2021 марди 34-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 340 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада аз ӯ 11-адад автомашинаӽои гуногунтамғаро, ки арзишашон, 99 ӽазору 500-доллари амрикоиро ташкил медиӽад гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати муайян фурухта маблагхояшро бармегардонад, аммо то ҳол маблағҳои зикргардидаро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика