Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории семинари амалӣ аз ҷониби СХДО ВКД

IMG 9122

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади комилан созандаю тақдирсози кишвар масъалаҳои муҳими бунёдӣ, ки ояндаи некуаҳволӣ ва рушди устувори иқтисодии Тоҷикистонро таъмин месозад, баррасӣ гардидааст. Вобаста ба ин Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум пайваста чораҷӯи менамояд. Ҳамин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба самти ноил шудан ба ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд пешбинигардида равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озӯқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат яке аз ҳадафҳои олии худ эълон намудааст.

Дар робита ба ин, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сари вақт андешидани чораю тадбирҳои зиддисӯхторӣ дар майдонҳои кишти зироатҳои ғалладонагӣ ва хӯроки дурушти чорво, бо супориши Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Вазорати кишоварзӣ ва дигар хадамоту мақомотҳои дахлдор ба роҳ монда, чораю тадбирҳои заруриро пайваста роҳандозӣ менамояд.
Аз ҷумла, дар доираи чунин чорабиниҳо, аз тарафи сардори СХДО ВКД генерал-майори хизмати дохилӣ Бахтиёр Умарзода дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи техникӣ-оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Данғара бо роҳбарияти Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва сардорони ҷузъу томҳои он, инчунини роҳбарияти коллеҷу курсантон ҷаласаи кории навбатӣ гузаронида шуд.IMG 9123
Аз тарафи сардори сарраёсат ба ҷамъомадагон доир ба сари вақт пешгирӣ намудани ҳолатҳои сӯхтор дар майдонҳои ғаллазор ва роҳу усулҳои самараноки мубориза бо он, дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Сипас, аз ҷониби муовини аввали сардори Сарраёсат полковники хизмати дохилӣ Маҳбуб Маҳмудзода ва сардорони шуъбаҳои дахлдори сарраёсат бо роҳбарияти Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва сардорони ҷузъу томҳои он дар ҷамоати деҳоти Себистону мавзеи Баҳористони ноҳияи Данғара, инчунин дар ғаллазорҳои ноҳияҳои Восеъ, Темурмалик, Ҳамадонӣ, Фархор ва майдонҳои зироатҳои ғалладонагии дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб вобаста ба роҳу усулҳои самараноки мубориза бо сӯхтор, бахусус дар масофаи муайян даравидани алафҳои худруй ва шудгор кардани канори роҳҳои автомобилгард, тартиби дурусти бо трактори плугдор ба қитъаҳо ҷудо намудани майдонҳои зироатҳои ғалладонагӣ пеш аз дарав, инчунин ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани кору фаъолияти дастаҳои идоравии оташнишонӣ дар мавсими ҷамъоварии ҳосил семинари амалии саҳроӣ гузаронида шуда, ба иштирокдорон тавсияҳои муфид ва дастурҳои зарурӣ дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи нақшаи Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД чунин чорабиниҳои мақсадноки зиддисӯхторӣ дар майдонҳои ғаллазори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳрӣ низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Зеро чунин чорабинҳои муҳиму сари вақтии зиддисӯхторӣ аз ҳар ҷиҳат барои таъмини ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, ҳифзи амнияти озӯқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ниҳоят зарур мебошанд. Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика