Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётии марговар

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

21-уми майи соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Маҳмадназаров Холбой, соли таваллудаш 1948, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Зафаробод-Хуҷанд”, дар километри 12-ум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Мерседес-Спринтер”, таҳти идораи ронанда, Усмонов Шерзод Абдуҷабборович, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Ваз-21099”, Маҳмадназаров Х. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, мусофири автомашинаи мазкур ноболиғ Маҳмадназарова Навбаҳор соли таваллудаш 2013, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
20-уми майи соли 2022, тахминан соати 12:30, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тойота Карола”, Ҳалимзода Дилшод Ҳалим, соли таваллудаш 1970, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Кулоб ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромада пиёдагарди ноболиғ Ахмедов Муслиҳиддин Бадриддинович, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа ноболиғ Ахмедов М.Б., ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Аз рўи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идора дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun1006

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика