Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ноҳияи Рӯшони ВМКБ таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии созмонҳои байналхалқии экстремистӣ-террористӣ, бо мақсади халалдор намудани амнияти давлатӣ, зарба задан ба пояҳои сохти конститутсионӣ, монеъ шудан ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ба таҳлука андохтани аҳолӣ, бо истифода аз силоҳу лавозимоти ҷангӣ, инчунин маводи оташафрӯзандаи «Коктейли Молотов» ба колоннаи автомашинаҳои хизматчиёни воҳиди таъиноти махсуси зиддитеррористии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамла намуданд.
Дар асари он як афсар ба ҳалокат расида, 13 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.Гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша иборат аз 200 нафар бо истифода аз тамоми намуди силоҳ дар маркази ноҳияи Рӯшон, дар 3 нуқта шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ ва роҳи комендатураи сарҳадиро бастанд. Гурӯҳҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ин амалҳо қаблан омодагӣ дида ба ҳамин мақсад аз хориҷи кишвар силоҳу аслиҳа ворид намуда буданд.Ҳар як сокини бовиҷдони вилоят шоҳиди он аст, ки таъкидҳои чандинкаратаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҷамъомадҳо, суҳбатҳо бо иштироки аҳли ҷомеа ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ, муроҷиатҳо тавассути васоити ахбори умум барои супоридани силоҳи оташфишон, даст кашидан аз муқовимати мусаллаҳона ба муқобили сохторҳои конститутсионии мамлакат аз ҷониби дастаҳои ҷинояткор беҷавоб монданд. Оқибат онҳо ба содир кардани ҷиноятҳои характери террористӣ дошта гузаштанд. Бо мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон, тартиботи ҷамъиятӣ аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар амалиёти зиддитеррористӣ оғоз гардид. Дар натиҷа 8 нафар силоҳбадаст безарар, ёздаҳ нафар захмӣ ва беш аз ҳафтод нафар аъзоёни фаъоли дастаи террористӣ дастгир шуданд. Аз гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ миқдори зиёди силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ, “Коктейли Молотов” мусодира гардид.
Инчунин, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Муовини раиси ноҳияи Рӯшон Чоршанбиева Лайлоро барои аз роҳи бастаи онҳо гузаштан лату кӯб намуда, ба саломати номбурда ҷароҳати ҷисмонӣ расониданд.
Айни хол вазъият дар ноҳия ором буда, инфрасохтори иҷтимоӣ ва нақлиёти ҷамъиятӣ ба кори муқарарӣ ва сокинони ноҳия ба фаъолияти рӯзмарраи худ оғоз карданд.
Ба боқимонда гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша қотеъона эълон карда мешавад, ки то ҳол онҳо имконияти сулҳомези супоридани ҳама гуна силоҳ ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданро доранд. Фардо дер мешавад.
Аз аҳолии вилоят эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки ба органҳои ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини тариботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, инфрасохтори иҷтимоӣ, фаъолгардонии масири ҳаракати нақлиёти байналхалқӣ, пешгирии тамоми намуди қонуншиканиҳо ва ахиран суботи ҷомеа, дар мисоли тамоми нуқоти кишвари азизамон кӯмаки худро расонанд.
Танҳо давлати меҳварӣ ва қонунмандӣ асоси амният ва рушди ҷомеа аст. Ин вазифаи муқаддасро мо дар якҷоягӣ ва ҳамбастаги бо мардумони баору номуси вилоят бо қотеият ва муваффақона амалӣ мекунем. Бо ҳамин ба фаъолияти тамоми гурӯҳҳои муташаккили силоҳноки нашъаҷаллоб ба якборагӣ хотима мегузорем. Роҳи дигар вуҷуд надорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>