Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо мактаббачагон дар шаҳри Бохтар

i 7

Ҳамкорӣ миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мактабу маориф ва оила аз масъалаҳоест, ки ба он пайваста диққати ҷиддӣ дода мешавад.
Аз ҷониби кормандони Шуъбаи огоҳонию пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон пайваста дар Донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти мазкур вохӯриву мулоқотҳои судманд бо донишҷӯён ва мактаббачаҳо баргузор менамоянд.
Чунин як вохӯрӣ 11 майи соли 2022 дар Литсейи давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки кормандони шуъба, Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, Лоҳутӣ Шоназаров , бо омӯзгорон ва хонандагон баргузор гардид.
Иширокдорони ҷамъомад оид ба вазъи ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки бо дастгириҳои рӯзафзуни роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ барои шаҳрвандон, аз ҷумла, ҷавонону мактаббачагон тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳар якеро зарур аст, ки баҳри азхуд кардани илму донишҳои муосир кушиш ба харҷ диҳанд.
Доир ба таъмини иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, инчунин вобаста ба дигар масоили марбут ба таълиму тарбияи ноболиғону ҷавонон, пешгирии ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, хусусан мактаббачагон, назорати кору фаъолият ва рафтору кирдори ҳаррӯзаи онҳо ибрози назар карда шуд.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика