Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаи нақлиётӣ дар ноҳияи Фархор

005

13-уми майи соли 2022, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи мототсикли тамғаи “Супер-Марикс”, Фақиров Файзиддин Орифович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Фархор, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи Пирназаров Содиқ Қувваталиевич, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи мазкур бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Фақиров Ф.О. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рўи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика