Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусофиркашонӣ бо шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ дар шаҳри Конибодом

IMIG 1037Идораи воситаи нақлиёт бо шаҳодатномаи ронандагии қалбакӣ ҳолати ҷиноятиест, ки дар ҷараёни рейди самтӣ нозирони Бозрасии давлатии автомобилии Шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом дар ҳудуди маъмурии хизматӣ ошкор намуданд. Ҷанбаи ташвишовари ин ҳолати ҷиноятӣ дар он аст, ки гумонбаршуда воситаи наклиёти мусофиркашро идора намуда ба мусофиркашонӣ машғул буд. Шаҳрванд Ҳасанзод Умар, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Пӯлотони шаҳри Конибодом моҳи январи соли равон бо маслиҳати пешакӣ бо рафиқаш Ихтиёр Мазоҳидов, ки ӯ низ сокини шаҳри Конибодом аст шаҳодатномаи ронандагии сохтакоришуда бо дараҷаҳои Б;С;Д барои идораи нақлиёти сабукрав, боркашон ва мусофиркашонӣ ба даст оварда давоми зиёда аз ду моҳ воситаи наклиёти мусофиркашонии тамғаи «Мерседес-Спринтер», аломати қайди давлатиаш tj 9022ТТ 02-ро идора намуда дар хатсайри №115-и дохилишаҳрӣ ба мусофиркашонӣ машғул шудааст.
Ҳангоми санҷиши ҳуҷҷат оид ба сохта ва қалбакӣ будани шаҳодатномаи ронандагӣ корманди бозрасӣ шубҳа намуда, барои дақиқ кардани тахмини худ аввал нисбати ронанда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар хусуси риоя накардани меъёри суръати ҳаракати роҳ тартиб медиҳанд ва дар идома шаҳодатнома аз ташхиси криминалистӣ гузаронида мешавад, ки қалбакӣ будани он тасдиқ ёфт. Гумонбаршуда Умар Ҳасанзод ба тафтишот иқрор шудааст, ки курси ронандагиро барои идора намудани нақлиёти мусофиркашонӣ нахондааст ва шаҳодатномаро бар ивази пардохти 5 500 сомонӣ рафиқаш ба ӯ дастрас намудааст. Тафтишоти пешакӣ муайян кардааст, ки шаҳодатномаи мазкур бе риояи талаботи технологӣ дар хориҷа таҳия гардидааст.
IMIG 1034Бо кирдори содирнамудаи худ гумонбаршудаҳо меъёрҳои дар моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо вайрон кардаанд ва барои содир намудани чунин амали ҷиноятӣ нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Кормандони БДА-и ШВКД дар шаҳри Конибодом бо ошкор намудани далели сохтакории шаҳодатномаи ронандагӣ исбот карданд, ки вазифаи худро хуб медонанд ва дақиқкор ҳастанд.
Акбар Шарифӣ, майори милитсия




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика