Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ҳодисаҳои нақлиётӣ бо айби ронандагон

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

8-уми майи соли 2022, тахминан соати 21:15-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Зоиров Ҷовидон Асламхонович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти деҳаи Қаҳрамон ба самти деҳаи шаҳраки Маскваи ноҳияи Ҳамадонӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Шарипов Маҳсиддин Шарофиддинович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи мазкурро пахш намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарипов М.Ш. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамин тариқ 8-уми майи соли 2022, тахминан соати 18:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Равон», Амиров Абдулкарим Сулаймонович, соли таваллудаш 1955, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Айнӣ-Панҷакент” дар ҳудуди шаҳраки Саразми шаҳри Панҷакент, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дучархарон, Султонов Улмас Мардонқулович, соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, дучархарон Султонов У.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
9-уми майи соли 2022, тахминан соати 11:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Турсунов Шавкатҷон Маҳмудович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Чанноқ-Хуҷанд-Душанбе” дар ҳудуди шаҳри Истаравшан, аз ухдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои “Скутер”, ки ба Шерматов Нурулло Мамадҷонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Б. Ғафуров тааллуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Шерматов Н.М. ҷароҳатҳои гуногуи ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идора дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика