Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эй дӯст, биё баҳри тамошои Душанбе

1579342253 06-2

Дар воқеъ, агар шахс аз падару модар, бузургони гузаштаи худ ифтихор дорад, онгоҳ ҳар сокини Тоҷикистон ҳуқуқи маънавии комил дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он-шаҳри Душанбе ифтихор дошта бошад. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи миллати тоҷик, ягонагии ормонҳои тоҷикон ва ҳамаи тоҷикистониён мебошад.
Душанбе маркази Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри пайвандгари дилҳо, макони меҳру шафқат, маскани тоҷикони бузург аст. Душанбе шаҳрест, ки барои аз хурд то бузурги ин сарзамин Ватан аст. Ватане, ки дар канораш ба дунё омадаему бузург гаштаем. Ватане, ки мисли модари ғамхор дӯсташ медорем.
Душанбе бузургшаҳрест, ки тоҷиконро чун миллати бузургу номдор маркази умеду ормон аст. Даме ки дар кӯчаҳои ин шаҳри бузург қадам мезанем, беихтиёр аз зебогии муҳити атрофаш ҳаловат мебарем. Даме ки мардуми меҳмоннавозу бофарҳанги дорои маданияти баланди шаҳрвандонашро вомехӯрем, ифтихор аз миллати хеш мекунем.
Душанбе макони мардони хирад, занони баору номус ва тифлакони дилшоду бахтиёр аст. Мавзеест, ки саросар дилфиребу дилоро ва бешубҳа мафтункунанда. Душанбе шаҳрест зебову дилоро ва макони мардумони меҳмоннавоз, олиҳиммат ва сарбаланду номдор:
Эё дӯст, биё баҳри
тамошои Душанбе,
Бешубҳа, ту ҳам мешавӣ
шайдои Душанбе.
Тоҷикистон-Ватани азизи мо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати мллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдории шаҳри Душанбе хеле зебову назаррабо гардидааст. Махсусан, пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе, имрӯз симои худро ба куллӣ дигар намуда, ба як шаҳри сарсабзу ҳамешабаҳоре мубадал гардидааст. Боғҳои фарҳангиву фароғатии зебою замонавӣ, кӯчаву хиёбонҳои дилкашу ороста ва майдончаҳои варзишию дигар иншоотҳои маишӣ хеле зиёд гардидаанд. Риояи қоидаҳои шаҳрдорӣ барои ҳар як шаҳрванд шарт ва зарур аст. Ҳар як сокини пойтахт бояд кӯшиш намояд, ки ба тозагии ин макони фарҳангии кишварамон риоя намуда, дигаронро низ ба риояи тартибу интизоми шаҳрдорӣ даъват намояд ва ба қоидавайронкуниҳо ҳеҷ гоҳ роҳ надиҳад.
Хурсандиовар аст, ки пойтахти кишвари азизамон-шаҳри Душанбе имсол ҳамчун пойтахти фарҳангии ИДМ пазируфта шуд ва ин мақомро соҳиб гардидани пойтахти мамлакатамон боиси ифтихору сарбаландии ҳар яки мост.
Имрӯз дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе барои хурду бузурги кишвар тамоми имконияту шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудааст. Ба қадри ҳамаи ин ғамхориҳои Давлату Ҳукумати мамлакат ва шаҳрдории шаҳри Душанбе бояд расид. Охир ин ҳама заҳматҳо барои мардуми ин сарзамин аст, то ки онҳо доимо шоду хушҳол ва зиндагии осуда дошта бошанд.
Аз ин рӯ, моро лозим меояд, ки бо тамоми бузургиҳояш ин сарзамини аҷдодии худро васфу ситоиш намоем, зеро он бузургмеҳанест, ки дилу дидаҳоро қарину барҷост. Душанбе маконест, ки саросар гулрезу гулбасару машҳуру дилорост. Биноҳои баландошёна, қасру толорҳои барҳаво, донищгоҳу донишкадаҳои бузург, биноҳои маъмурӣ ва фарҳангӣ, илова бар ҳамаи ин маркази сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодӣ буданаш Душанберо даҳчанд зебову овозадор гардонидааст.
Душанбе фахри даврони ҳар як бошандаи баору номуси ин сарзамини дилорост. Даме ки дар эҷодиёти ин ё он адиби бузург васфи ин боғшаҳри дилкушоро мутолиа менамоем, беихтиёр метавон гуфт, ки Душанбе даҳчанди ин ситоишҳову фузунтар аз ҳамаи арзишҳост, зеботар аз ҳамаи зебогиҳои олам аст, ки ақли бандаро мафтун мегардонад.
Душанбе дар қалби тоҷикону тоҷикистониён монанди нигинест, ки дар ҳар нигоҳ шуълапошӣ мекунад. Пиру барнои ин сарзамини ҳамешабаҳор мисоли парвона гирди шабчароғи ягонаи ин шаҳри дилоро дар гардишанд. Дарҳои меҳмонхонаҳои бузурги Душанбешаҳр ҳамчун кошонаи умеду армон ҳамеша ба суйи меҳмонон боз буда, фарзандони неку фарзонаи он бо фирри ориёӣ, бо ҳусну шафқати каёнӣ онро ҳусни шоҳона мебахшанд.
Оре, шукрона, ки мо чунин пойтахти номдор дорем. Шукронаи мардуми фарҳангии он, ки ифтихори миллати бузурги тоҷиканд. Фарзандони ҷаҳонгарди ин боғшаҳри дилкушо ҳамеша аз дуриҳои дур васфи кишвари маҳбуб карда, озодагии обу ҳаво, гулу гиёҳҳои онро дар дил мепарваранд.
Боиси ифтихори тамоми сокинони ин боғшаҳри дилкушо аст, ки чунин макони волову дилрабо моро Ватан гардидааст. Аз дилу ҷон бо тамоми ҳастиву зӯру тавон мебояд ҳар як гулу гиёҳ ва сангу обу хоки онро парастиш кард.
Душанбе ҳамчун маркази бузурги Тоҷикистони азизу соҳибистиқлол, ҳар як рӯзу ҳар як соат дар айни шукуфтанҳост ва рӯз то рӯз онро ободу зебо, бофароғату дилнишин дидан метавон. Кист он бузургдиле, ки аз обу ҳавои дилнишини ин макони гулбасар бебаҳра монда бошад? Кист он родмарде, ки қудрату бузургии ин сарзаминро бо мардумони баору номусаш нашиносаду ифтихор нанамояд? Нест тоҷике, ки бузургии ин макони шаҳдрезро эҳсос накарда бошад. Нест лаҳзае, ки бӯйи атромези Душанбеи дил рабо қалби саршор аз меҳру муҳаббат ва машоми муаттари димоғи мардумашро шефта нагардонад.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика