Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои миллат ба насли ҷавони кишвар

President-853x1024

Имрӯз барои ҷавонон мояи ифтихор аст, ки дар ватанамон сулҳу ваҳдат ҳукмфармост ва мо аз ин фазо нафас мекашему озодона зиндагию фаъолият дорем. Бо қаноатмандиву ифтихор изҳор кардан лозим аст, ки таваҷҷуҳ ва ғамхории падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ равшану возеҳ ба назар мерасад.
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи миллати тамаддунофару бостонии тогҷик саҳифаи нав боз намуд. Он давлатро аз парокандагӣ, миллатро аз нестӣ наҷот дод, ки бо талошҳо ва корнамоиҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 сол дастовардҳои беназир, зиндагии шоиста, шароити хубу арзанда, оромиву осудагӣ, ваҳдати комили миллӣ ва ягонагиву муттаҳидиву сарҷамъиро барои ҳар фарди миллатамон ҳадя намуд.
Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандонаву оқилонаи хеш дар замоне ба сари қудрат омаданд, ки фазои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ин сарзамин фалаҷ гардида, ҳокимияти давлатӣ мутлақо аз байн рафта буд. Ҷавони кордону ботадбир, дурандешу хирадманд дар як муддати кӯтоҳ тавонист ҷангро ба сулҳ ва харобазорро ба гулистон табдил диҳад.
Бо гузашти айём аҷнабиён чандин маротиба ба ин сарзамин лашкар кашида, марказҳои илмӣ-фарҳангӣ, шаҳрҳои ободу зебои онро ба харобазор табдил доданд. Мехостанд забону фарҳанги ин миллатро аз байн баранд, вале ин миллати ҷасуру далер бо тадбирҳои оқилона аз тарафи шахсиятҳои нотакрори таърихӣ тавонист, ки садсолаҳо забону фарҳанги миллии хешро ҳимоя намояд. Ва баъд аз чандин аср Худованд бар сари миллати тоҷик боз сояи хешро фиристонд, то ба ин халқи ҷафодидаву роҳгумзада пушту паноҳ, роҳкушову роҳнамо бошад. Замони нангу замони ҷанг буд, замони бераҳмиву қатлу куштор ва замони нобаробариву ноиттифоқӣ буд. Замоне буд, ки шуълаи умед барои зиндагии осоишта дар замири тоҷикон кайҳо хомӯш гашта буд, то даме, ки дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1992) муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари давлат интихоб гардиданд.
Бояд қайд кард, ки аз дастовардҳои бузурги истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ин таваҷҷуҳи бевосита ва ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли ҷавони кишвар мебошад, ки зарурати ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пеш гирифтанд.
Ҳанӯз 13-уми марти соли 1992 кишвари мо миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалиншуда, санадҳои нахустинро баҳри ташаккул ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуд.
Пешвои миллат дар зарфи 30 соли соҳибистиқлолӣ шароити хубу арзандаро барои мардуми шарафманди тоҷик муҳайё сохтанд ва ҳамин аст, ки имрӯз шаҳрвандони кишвар бо шукргузорӣ аз оромиву осудагӣ ва тинҷию амонӣ дар фазои ваҳдату якдилӣ умр ба сар бурда, баҳри пешрафти босуботи ояндаи кишвар азму талош мекунанд. Истиқлолияти давлатӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус, ҷавонони ояндасози миллат бо ташаббусҳои созанда баҳри пешрафти Ватани азизамон саҳми босазо гузоранд.
Маҳз истиқлоли давлатӣ барои ҳар як ҷавон имконият фароҳам овард, то аз фарҳанги гузаштаи хеш ҳимоят карда тавонад. Ҷавонони бонангу ори кишвар бо ташаббусҳои созанда ва иқдомҳои наҷиб ба боварии Пешвои миллати тоҷик сазовор гардида, имрӯзҳо дар пешрафти ватани азизамон саҳми босазо гузошта истодаанд. Ҷавонони зодаи даврони истиқлол чун пайравони асили Пешвои миллат барои ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллию давлатӣ, дастовардҳои замони 30 соли соҳибистиқлолии кишвар талош варзида, намегузоранд, ки истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати комили миллиро, ки бо ҷонбозиҳо ва корнамоиҳои Пешвои миллат ба даст омадааст, душманони миллат халалдор намоянд.
Ҷавонон дар ҳама давру замон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, ояндаи давлату миллат ба онҳо вобастааст. Дар давоми 30 соли истиқлол дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, азхуд кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё буда, инчунин барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Дар ин давра дар самти дастгирии ҷавонон санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардида, самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд. Махсусан қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» собит сохт, ки Ҳукумати кишвар дар сиёсати худ ба ҷавонон такя карда, тарбия намудан ва ба камол расонидани насли ҷавону созандаро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи худ медонад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ як қатор барномаҳои давлатӣ доир ба дастгирии ҷавонон, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоии ҷавонон қабул карда шуданд, ки ҳар кадоме аз ин санадҳо дар ҳаёти ҷавонони кишвар нақши муҳим бозиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ҷавононро мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон номида, иброз намуданд, ки «ҳисси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад». Дар робита ба сиёсати давлатии ҷавонон нақши онҳо дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат назаррас мебошад.
Ин бори дигар собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва пойдории ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ташаккул ва инкишофи сиёсати ҷавононро яке аз самтҳо ва ҳадафҳои асосии фаъолияти худ медонад.

Кароматулло Абдуллоев
СХДО ВКД ҶТ




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

qonun2605

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика