Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳалокати 2 нафар дар ҳодисаи нақлиётӣ

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

29-уми апрели соли 2022, тахминан соати 09:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Маханов Чӯрабек Атабоевич, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба самти ноҳияи Рӯдакӣ, дар ҳудуди деҳаи Гулоб бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба девори канори роҳ бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур; Гулова Юлдузой Гуловна, соли таваллудаш 1951, сокини ноҳияи Ёвон ва ноболиғ Ҳайталиева Мадина Азимхоновна, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур: Ҳайталиева Саида, соли таваллудаш 1991 ва Алимардонова Зиёда, соли таваллудаш 1997, сокинони ноҳияи Ёвон ва хурдсолон; Очилдиев Алиҷон, соли таваллудаш 2021 ва Намозова Солеҳа, соли таваллудаш 2012, сокинони ҳамон ҷо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun1

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика