Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани дуздии 690 ҳазор сомонӣ

i 15Маблағи муфти ба даст омада бо роҳи дуздӣ ин кирдори зишти нафарони ҷиноятпешаест, ки мехоҳанд аз ҳисоби меҳнати дигарон хушком бошанд, бехабар аз он, ки таъсири манфии он ба худи онҳо, аҳли оила ва наздикон барои хамеша боқӣ хоҳад монд.

Ба кормандони ШВКД дар нохияи Фархор дар асоси аризаи сокини ноҳияи мазкур оиди аз ҷониби шахсони номаълум дуздида шудани маблағҳои пулияш, зимни бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муяссар гардид, ки ду нафар аз сокинони ноҳияи мазкурро, ки даст ба дуздии моликияти шаҳрвандон задаанд, дастгир намоянд.
Инҳо: Раҳматов Бахтиёр, соли таваллудаш 2004 ва Файзализода Фирдавс, соли таваллудаш 2005, сокинони даҳаи Деҳқонободи ноҳияи Фархор мебошанд.
Дар рафти тафтишот муайян карда шуд, ки ин ду нафар шаби 15 марти соли равон бо маслиҳати пешакӣ, ки мақсадашон дуздии молу ашёҳои мағозаи шаҳрванд Гулов Холназар, сокини ноҳия Фархор буд, роҳ ба ҷониби хонаи соҳибмулк мегиранд.
Номбурдагон аз набудани одамони гирду атроф истифода намуда, вориди саҳни ҳавлии шаҳрванд Гулов Холназар гашта, аз он ҷо бо як адад оҳани дарозшакл гирифта, қулфи дари мағозаро шикаста, ғайриқонунӣ ворид мегарданд.
Сипас аз дохили мағоза ба миқдори 200 сомонӣ тангаҳои оҳанин, 15 ҳазор сомонӣ, 40 ҳазору 150 доллари ИМА ва 1 адад телефонии мобилии тамғаи «Нокия»-ро, ки арзишаш 150 сомонӣ мебошад, тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдида ба маблағи 690.000 (шашсаду навад ҳазор) сомонӣ зарари махсусан калон мерасонанд.

Дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Фархор нисбати гумонбарони ҷинояти дуздӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, подполковники милития




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun24

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика