Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 59-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаҳои 245, 340, 257 қисми 3, 245 ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, моҳи январи соли 2017 бо роҳи фиреб ба боварии марди 52-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров даромада, аз нуқтаи савдояш 132 метри мураббаъ масолеҳи сохтмонии чӯбтахта ба маблағи 330 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини ноҳияи Спитамен, ки пеш бо моддаи 247 қисми 3 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба боварии марди дар боло зикргардида даромада, барои тиҷорат аз ӯ 420 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 245 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>