Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаи нохуш ҳангоми истироҳат

014Рӯзи 9-уми марти соли 2022, тахминан соати 10:20-дақиқа, Ҷангизода Зоирҷони Ҳошим, соли таваллудаш 1994, сокини деҳаи Турдишайхи ноҳияи Панҷ бо ҳамроҳии аҳли оилаашон: Ҷангиева Нилуфар, соли таваллудаш 1996, Шаҳлои Қудратулло, соли таваллудаш 1997, Ҷумъаева Фазилат, соли таваллудаш 1972, Амонзода Ҳақдод, соли таваллудаш 1991, Закияи Зоир, соли таваллудаш 2019, Ҷангизода Наимҷон, соли таваллудаш 2017, Ҳакимова Дилхо, соли таваллудаш 2005, Ёсумани Ҷангизода, соли таваллудаш 2015, Ҷангизода Райҳона, соли таваллудаш 2017, Амонзода Фирӯз, соли таваллудаш 2019 ва Амонов Некрӯз, соли таваллудаш 2017, дар автомашинаи шахсиаш тамғаи “Сангенг-Муссо” нишаста, барои истироҳат намудан ба доманакӯҳи ҷамотаи деҳоти Озодагони ҳамин ноҳия мераванд.
Тахминан соати 14:00, ҳангоми дар болои кӯҳ қарор доштанашон ногаҳон борон меборад, ки дар натиҷа чизу чораҳояшонро ҷамъ карда, ба автомашина савор шуда ҳаракат мекунанд. Вале, аз шиддати борони зиёд автомашина лағжидааст, ки ронанда Ҷангизода З.Ҳ. аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дарахти писта бархӯрда, баъдан ба ҷарии 150 метр сарозер рафтааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Амонов Н. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Дигар аъзоёни оила ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика