Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ҳалокат расидани пиёдагард ва ронандаи трактор бар асари садамаҳои нақлиётӣ

024

24-уми феврали соли 2022, тахминан соати 13:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира», Зиёзода Умедҷони Раҷабалӣ, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ниёзова Омина Шамсуллоевна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Ниёзова О.Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳамзамон, 24-уми феврали соли 2022, тахминан соати 14:00, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-80”, Маҳмадсалими Мирзохон, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин, ҳангоми ҳаракат дар наздикии деҳаи Чорчашмаи ноҳияи мазкур бинобар сабаби зиёд будани барф лағжида, ба чуқурии 10 метр чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронандаи трактор Маҳмадсалими М. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика