Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳорот

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки нисбати шаҳрванд Маҳмадҷонова Шоҳида Давлатҷоновна, соли таваллуд 15.04.1977, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, бинои 16, ҳуҷраи 20, тибқи талаботи моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 (ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)) Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, номбурда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ёдрас месозем, ки фарзанди дастгиршуда Маҳмадҷонов Шерзод Тулфорович, блогер ва ё ин ки опозитсионер набуда, балки барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ-террористидошта дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Барои ташкили вохӯрии дастгиршуда бо пайвандон шароит фароҳам оварда шуда, барои қабул ва таъмини ғизо мушкилӣ ҷой надорад.
Гумонбаршуда Маҳмадҷонова Ш. аз ҳамаи ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, аз ҷумла аз ҳуқуқ ба ҳимоя, раддия изҳор намудан ба дигар ҳуқуқҳо бархурдор мебошад.

 




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun4

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика