Нисбати марди 41-солаи сокини пойтахт парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.
Номбурда бо роҳи фиреб ба бовории марди 44-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, аз ӯ 6-адад автомашинаҳои гуногунтамға: “Волва”, “Мерседес-Бенс”, “Актрос”, “Ман”, “БМВ” ва “Мерседес-Бенс”-ро нархгузорӣ карда гирифта, ба шахсони дигар фурӯхта, маблағи ба даст овардаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Зарари расонидашуда 442 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 40-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз ӯ манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакиро ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, 2-адад автомашинаҳои тамғаи “БМВ-Х5” ва “Тайота-Кресто”-ро нархгузорӣ карда гирифта, маблағашонро то ҳол барнагардонидааст.
Зарари расонидашуда 375 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 47-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки соли 2015 марди 37-сола ва марди 47-солаи сокинони шаҳри Ваҳдат бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи “Лексус-350”-ро ба маблағи 13 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, маблағашро то ҳол барнагардонидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>