Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳқиқи навори шабакаҳои иҷтимоӣ

IMG-20211209-WA0008

Шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи санҷиш оид ба навори шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар он шахси номаълум дорандаи се адад сагҳои зоти немисии «Овчарка» гӯё дар кӯчаҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷароҳатрасонӣ ва нобудсозии сагҳои кӯчагӣ машғул аст, муайян намуд, ки ин рафтори нороҳаткунанда аз ҷониби шаҳрванд Темуров Ато Ҷӯраевич, соли таваллудаш 21.05.1975, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Давронбек Аҳмадбеков анҷом дода шудааст. Паҳн гаштани навори мазкур дар шабакаҳои интернетӣ ва шарҳу эроди истифодабаранадагони сомонаҳои иҷтимоӣ милитсияи шаҳри Хуҷандро водор намуд, ки шахсияти иштирокчии ҳодисаро ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб муайян намояд.
Мавриди зикр аст, ки шаҳрванд Ато Темуров гирифтори бемории руҳӣ буда, аз соли 1995 то инҷониб дар қайди Маркази бемориҳои руҳӣ-равонии вилояти Суғд қарор дорад. Номбурда қобилияти ромкунии (дрессировщик) сагҳоро дошта ҷиҳати омӯзонидан ва тарбияи сагҳои хонагӣ ба шаҳрвандон хизмат мерасонад. Се адад саги зоти немисии «Овчарка»-и дар навор инъикос ёфта низ ба дигар шахсон тааллуқ дошта, танҳо ба хотири тарбияву ромкунӣ дар ихтиёри ӯ гузошта шуда буд.
Ба маълумоти шаҳрвандон мерасонем, ки ҳолати гӯё ҳамарӯза машғул шудан ба нобудсозии сагҳои кӯчагӣ аз ҷониби Ато Темуров дар шаҳри Хуҷанд воқеъият надошта танҳо амали як дафъаина буд, ки бо мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ошкор ва пешгирӣ карда шуд.
Айни ҳол шаҳрванд Темуров Ато Ҷӯраевич боздошт ва барои табобат ба Маркази бемориҳои руҳӣ-равонии вилояти Суғд дастрас карда шудааст.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика