Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

03

29-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 13:30 дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Аксент» Ҳакимов Фаридун Хурсанмуродович, соли таваллудаш 1995, сокини шаҳри Ҳисор, ронандаи ҶДММ «Олуча-Авто», ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи С.Шерозӣ ба самти кӯчаи Маяковский аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Қаюмов Ҳусейн Қодирович, соли таваллудаш 1965, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа, пиёдагард, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамзамон 29-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 13-20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зафира”, Сироҷзода Зокир Абдулзоир, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ноҳияи Хуросон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол Бутаева Ҳангома Маҳмадсолиевна, соли таваллудаш 2016, сокини деҳаи Сарбандро пахш намудааст.
Дар натиҷа, хурдсол, Бутаева Ҳ.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиаш бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика