Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷиноятҳои одамкушӣ

002

Рӯзи 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 11:00, зани 55-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи Фархор дар хонаи истиқоматиаш бо келинаш зани 31-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намудааст.
Дар вақти муноқиша келинаш бо корд 2-маротиба ба гардани хуштоманаш задааст.
Дар натиҷа, зани 55-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен, ки солҳои 2003 ва 2009 бо моддаҳои 237 қисми 3 ва 195 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 17-уми октябри соли 2021, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар деҳаи Фароби ноҳияи мазкур, дар наздикии роҳи оҳан аз сабаби муноқишаи оилавӣ ҳамсараш зани 32-соларо лату кӯб намуда, бо санг ба сараш якчанд маротиба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст.
Сипас гумонбаршаванда бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти худ ҷасади ҳамсарашро ба халта андохта ба оби канали «Фарҳод»-и ноҳияи Спитамен партофтааст.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тариқ, 9-уми ноябри соли 2021, тахминан соати 16:00, марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Б.Ғафуров, бо тариқи телефони мобилӣ ҳамсараш ҷавонзани 25-сола ба назди корхонаи хоҷагии коммуналӣ, воқеъ дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи мазкур даъват намуда, аз сабаби муноқишаи оилавӣ бо корд 13-маротиба ба аъзои бадани номбурда задааст.
Дар натиҷа ҷавонзани 25-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Сипас, гумонбаршаванда бо корди хоҷагӣ 3-маротиба ба аъзои бадани худаш зада, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика