Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани силсиладуздиҳои ноболиғи 17-сола

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки шаби 22 ба 23-юми августи соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба мағозааш, воқеъ дар кӯчаи Шевченкои пойтахт даромада, аз он ҷо либосҳои мардона ва 8-адад атриётро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Инчунин, номбурда шаби 25 ба 26-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 41-солаи сокини пойтахт даромада, аз он ҷо 1-адад “Скутер”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, номбурда охирҳои моҳи майи соли 2021, бо роҳи пинҳонӣ ба мағозаи зани 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Маяковский даромада, аз он ҷо 2 ҳазору 500 сомонӣ ва 3-адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг”-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамин тариқ, гумонбаршаванда шаби 25 ба 26-уми августи соли 2021, тахминан соати 03:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба меҳмонхонаи “Ватан”, воқеъ дар кӯчаи Ҳусейнзода даромада, аз он ҷо 1-адад “Гераскутер” ва 2-адад дучархаи варзиширо дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика