Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани якчанд ҳолати дуздӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Вахш

175

Пайи ҳам дуздида шудани чорвоҳои мардум аз ҷониби шахсони номаълум дар ноҳияи Панҷ ва ворид шудани аризаву муроҷиати шаҳрвандон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи мазкур, масъулияти кормандони милитсияро барои ошкор намудани ҷиноятҳо ва дастгир намудани гумонбарон дучанд кард.

Гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва фаъолияти хубу хизмати шабонарӯзии кормандони милитсия имкон дод, то ҷиноятҳо ошкор ва гумонбарон дастгир карда шаванд.
Гумонбарони дуздии чорвоҳои сокинон ду нафар аз шаҳрвандони ноҳияи мазкур Идибеги Ҳабиб, соли тавллудаш 1992 ва Хабилов Зоҳирҷон, соли таваллудаш 1991 мебошанд.
Ин ду нафар чорвоҳои мардумро бо тариқи пинҳонӣ аз доманакӯҳҳои ҳудуди ноҳия дуздида, аз ҷои ҳодиса ба макони ба худашон мувофиқ интиқол дода ва маблағи аз фурӯши чорвои мардум ба даст овардаашонро ба фоидаи шахсии худ сарф кардаанд.
Гумонбарон дар 12 ҳолати дуздии чорвоҳои мардум даст дошта, зарари расонидаашон ба ҷабрдидагон тақрибан 50 000 сомониро ташкил медиҳад.
Як ҳолати дигари дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсияи Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Вахш ошкор карда шуд.
Рӯзи 13-уми июни соли ҷорӣ шахсони ба тафтишот номаълум бо роҳи пинҳонӣ ғайриқонунӣ тирезаи нуқтаи ташхиси техникии ШБДА дар ноҳияи Вахшро шикаста, ворид гардида, аз дохили як адад ҷевони оҳанин, ки дар дохилаш 3920 сомонӣ ва ҳуҷҷатҳо буданд, тасарруф намуда ба самти номаълум ғайб мезананд.
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ чор нафар аз сокинони шаҳри Бохтар бо гумони дуздӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуданд.
Инҳо: Таджибаев Набиҷон, соли таваллудаш 1992, Таджибаев Алиҷон, соли таваллудаш 1994, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, Абдиев Суннатулло, соли таваллудаш 2002, пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Аҳмадалиев Умеджон, соли таваллудаш 1994, мебошанд, ки ҳангоми пурсиш номбурдагон оид ба дуздии амволҳои тасарруфгардидаи нуқтаи ташхисӣ пурра иқрор гардиданд.

176177

Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбачаҳои тафтишотии Шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Панҷ ва Вахш оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Офоқ Қодириён, подполковники милитсия.




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика