Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 10-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Инчунин, номбурда бо ҳамин роҳ 11-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони Рӯдакӣ ба боварии марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамзамон, номбурда рӯзи 11-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада, аз ӯ 4 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда, рӯзи 11-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 31-солаи сокини шаҳри Бохтар даромада аз ӯ 4 ҳазору 500-доллари амрикоиро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Ҳамчунин, номбурда санаи 10-уми ноябри соли 2020, дар хиёбони Рӯдакӣ бо роҳи фиреб ба боварии марди 29-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ даромада аз ӯ 4 ҳазору 500-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш ҳуҷҷатҳо барои ба давлати Олмон рафтан тайёр карда медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>