Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 16-уми августи соли 2021, тахминан соати 14:00, дар ҳолати мастӣ духтарбачаи 9-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳилолирро ба манзили истиқоматиаш оварда дидаву дониста, ки номбурда хурдсол буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, бо номбурда ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом дода, бо тариқи маҷбурӣ 2-маротиба ба номусаш таҷовуз намудааст.
Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади рӯйпӯш намудани ҷинояти содир намудааш ва ошкор нашудани шахсияташ духтарбачаи хурдсолро ба саҳни ҳавлии манзили истиқоматиаш бурда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан аз гарданаш бӯғӣ намуда, ба қатл расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 қисми 2 ва 138 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>