Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 10-уми июли соли 2021, тахминан соати 23:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Холов Рустам Каримович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан бо кӯчаи Карамов аз тарафи кӯчаи Ҳ.Шерозӣ ба самти кӯчаи А.Навоӣ дар рӯ ба рӯи бинои масҷиди ҷомеаи «Навобод» хурдсол, Сулаймонов Дамир, соли таваллудаш 2017, сокини пойтахтро пахш намудааст.

Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 10-уми июли соли 2021, тахминан соати 23:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра», Ҳукмиддинов Низом Файзуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат кардан бо зеркӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе дар рӯ ба рӯи бинои истиқомати №369 аз ӯҳдаи идора кардани воситаи наклиёташ набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Фолксваген-Пассат», ки таҳти идораи, Сатторов Сиродҷиддин Ҳотамуродович, соли таваллудаш 1989, сокини пойтахт, ки бо роҳи худ ҳаракат мекард бархӯрдааст. Дар натиҷа мусофири дохили автомашинаи тамғаи «Фолксваген-Пассат» хурдсол, Сатторов Ҷабраил, соли таваллудаш 2017, сокини ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

241122

© 2022 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика