Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рух додани 2 садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 24-уми июни соли 2021, тахминан соати 9:30-дақиқа, ронандаи мотороли тамғаи чинӣ, Джумаев Фурқатҷон Раҳматжонович, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҷ.Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати шаҳраки Балх ба самти ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи мазкур, ба қафои дучархарон, Холов Дӯстмурод Маҳмадраҷабович, соли таваллудаш 1984, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалевард, бархӯрда, баъдан ба муқобили самти ҳаракат баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Соҳибназаров Қаюмҷон Мирзоназарович, соли таваллудаш 1974, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалевард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон Холов Д.М. ба саломатиаш ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Инчунин, санаи 23-юми июни соли 2021, тахминан соати 20:20-дақиқа, ронандаи воситаи тамғаи «Квадратсикл», Акрамов Ғолиб Ҳасанович, соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Ҳақиқати ҷамоати деҳоти Т.Тӯйчиевии шаҳри мазкур ба самти муқобили роҳ баромада ба воситаи нақлиёти тамғаи “Хундай-Соната”, таҳти идораи Назиров Шокирҷон Музаффарович, соли таваллудаш 1971, сокини ҷамоати деҳоти Навободи ҳамин шаҳр бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи тамғаи «Квадратсикл”, Акрамов Ғ.Ҳ. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика