Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани силсилақаллобӣ

001

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 45-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 25-уми январи соли 2017 дар кӯчаи Бухорои пойтахт марди 51-солаи сокини шаҳраки Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 58 ҳазору 200 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи кӯчаи Истаравшан хонаи 2-хуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин, номбурда рӯзи 17-уми январи соли 2017 дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 35-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 67 ҳазору 690 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои баландошёнаи кӯчаи Истаравшан хонаи 2-хуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаашро то ҳол иҷро накардааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.




  Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>

Qonun3

© 2023 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика