Маркази матбуотии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад:
27 августи соли 2020 аз ҷониби мақомоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд Набиев Дона, соли таваллудаш 1940, зодаи ноҳияи Файзобод, истиқоматкунандаи деҳаи Гулбуттаи ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин боздошт гардида, баъди анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ, аз тарафи Суди ноҳияи Рудакӣ дар асоси моддаи 307 қ. 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.
Набиев Дона дар солҳои ҷангӣ таҳмилии шаҳрвандӣ, ки тавассути ташкилоти террористии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон сурат гирифт, дар куштори оммавии сокинони маҳаллии вилояти Хатлон иштирок кардааст. Ӯ дар сохтори собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба ҳайси “қозӣ” фаъолият намуда, сокинони бегуноҳи ҷумҳуриро ба ҷазоҳои вазнинтарин, ҳатто то ҳукми қатл, маҳкум мекард. Баъди ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон афв гардида буданд.
Бо вуҷуди он, ки собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ 29-уми сентябри соли 2015 аз ҷониби Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, фаъолияташ манъ карда шуд, Набиев Дона кирдори ҷинояткорона ва зиддиқонуниашро идома додааст. Аз ҷумла:
− маблағҳои пулии аз тарафи хадамоти махсуси давлатҳои муайян ҷудошударо, тариқи истифодаи масири интиқоли маблағҳо аз кишварҳои сеюм қабул намуда, онҳоро барои паҳнкунии ғояҳои ифротӣ, харидорӣ, нашр ва густариши адабиёти экстремистӣ, ҷалб ва сафарбар намудани ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиҳодӣ сарф мекард;
− миқдори муайяни маблағҳоро тавассути ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон ҷиҳати дастгирии молиявии аъзоёни қаноти ҷангии ташкилоти террористии собиқ ҲНИ – «Ҷамоати Ансорруллоҳ» ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол додааст;
− қисми боқимондаи маблағҳоро барои манфиатҳои шахсии худ истифода кардааст.
Зимни таҳқиқу тафтиши парванда амалҳои ҷиноятии Набиев Дона тавассути нишондодҳои шахсони воқеӣ ва далелҳои шайъӣ пурра тасдиқи худро ёфтанд.
Бояд зикр кард, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама дар назди қонун баробаранд ва ҳар як шаҳрванд, новобаста аз ҷинсият, синну сол (баъди расидан ба балоғат) дар назди қонун барои кирдорҳои ҷинояткоронааш тибқи ҷазои дар моддаҳои қисми махсуси ҳамин кодекс пешбинишуда ҷавоб мегӯяд.
Маркази матбуотии ВКД ҶТ
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>