Бо мақсади баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинӣ, огаҳӣ ёфтан аз таърихи ниёгону ҷаҳон ва бедор намудани завқи китобхонии ҳайати шахсӣ дар асоси талаботи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо супориши сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов байни кормондони шуъбаву хадамотҳои дастгоҳи Раёсат ва шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни «Китобхони беҳтарин» таҳти шиори «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор карда шуд. Озмун дар шуъбаву хадамотҳо ҷараён гирифта 11 нафар китобхони беҳтарин ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.
Талаботи озмуни мазкур хондан ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосири ватанӣ ва ҷаҳон, асарҳои таърихӣ, адабиёти сиёсӣ, публитсистӣ ва соҳавӣ буд, ки дар баробари таъсиргузорӣ ба маҳорати суханварӣ метавонад хонандаро ба некрафторию некгуфторӣ ва ҳақиқатҷӯӣ талқин намояд.
Ҳамин тавр ғолибони озмуни зеҳнӣ аз тарафи ҳайати ҳакамон муайян шуд. Ҷойи аввалро командири взводи хадамоти посбонӣ-пайроҳадории ШВКД дар шаҳри Бӯстон капитани милитсия Арслонзода Умед Ботирҷон, зинаи дуюм нозири гурӯҳи бақайдгирии маводҳои амалияи маъмурии шуъбачаи ахбори оперативии иттилоотии Раёсати мазкур лейтенанти калони милитсия Абдуқаҳорзода Зарнигор Абдуқаҳор ва мақоми сеюми ифтихориро ёрдамчии сардор оиди ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятии ШВКД дар шаҳри Конибодом майори милится Ҷӯраев Раҳим Самадович соҳиб шуданд.
Рӯзи 25-уми декабр маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни фаъол ва ғолибони озмуни «Китобхони беҳтарин» дар маҷлисгоҳи Раёсати ВКД дар вилояти Суғд баргузор гашт.
Дар оғози чорабинӣ сардори Раёсат генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов бобати мақому манзалати китоб дар тарбияи инсон, эътибор ва таъсири сухан дар ҳалли муаммо ва тақдири ҷомеа андешаронӣ намуд. Таъкид гардид, ки маҳз бо василаи китобхонӣ маънавиёти шахс ташаккул меёбад. Китоб ганҷинаи дониш буда, таълим ва бардошт аз он чароғест, ки роҳи зиндагиро мунаввар менамояд.
Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмун, ки 11 нафар буданд дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсат бо туҳфа ва Ифтихорномаҳо сарфароз карда шуданд.
Бо пешниҳоди сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Навҷувонов Абдулло Шанбиевич минбаъд озмуни «Китобхони беҳтарин» дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Суғд ҳар семоҳ гузаронида хоҳад шуд.
Хулосаи мантиқии озмуни мазкур дар он дида мешавад, ки хондани китоб инсонро тарбия ва ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Ба андешаи бузургон «Шахси китобхон ба ҷаҳолат роҳ намедиҳад».
Акбар Шарифӣ, майори милитсия
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>