Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза зани 39-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 13-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:50-дақиқа, духтари ноболиғи 17-солааш, ҳангоми дар гузаргоҳи зеризаминии маҳаллаи 82-юм, кӯчаи Н.Махсуми пойтахт қарор доштанаш шахси номаълум бо тариқи зӯроварӣ ва ошкоро аз ҷайби болопӯшаш 1-адад телефони мобилии тамғаи “Редми Нот-8”-ро тасаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 1 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Деҳқонободи шаҳри Ҳисор, ки пеш 3-маротиба бо моддаҳои 248 қисми 2, 247 қисми 2 ва 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудаст.
Инчунин номбурда, санаи 19-уми декабри соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, ҳангоми дар назди роҳи зеризаминӣ, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонии пойтахт қарор доштани зани 39-солаи сокини ҳамин ноҳия бо тариқи зуроварӣ ва ошкоро ба ӯ ҳамла намуда, мехостааст ҷувздонашро тасарруф кунад, аммо ба мақсадаш нарасида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва фаромӯшнашаванда – сисолагии истиқлолияту озодии Ватани маҳбубамон мебошад, сипарӣ мешавад ва кишвари азизи мо ба марҳалаи нави рушду тараққиёти худ ворид мегардад.Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои мардуми сарбаланди мо давраи саъю кӯшишҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои созанда ба хотири ҳифзи истиқлолияту озодии Тоҷикистон, пешрафти давлат ва ободии Ватан ба ҳисоб меравад.Мову шумо хуб дар ёд дорем, ки даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буд.Аз ин лиҳоз, хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.Барои расидан ба бузургтарин дастоварди ....>>>