Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хуҷанд: Рейди кормандони милитсия дар интернеткафеҳо

1400

Санҷиш дар марказҳои бозии компютерӣ ва бозиҳои букмекерӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд нишон дод, ки ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби афроди алоҳида ҷой дорад. Кормандони шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои ба камолоти маънавии наврасону ҷавонон халалворидкунанда, аз ҷумла шабгардӣ, машғул шудани ноболиғон ба бозиҳои компютерии хусусияти зӯроваридошта ва санҷиши нуқтаҳои хизматрасонӣ ва тиҷоратие, ки ҷамъшавии наврасону ҷавонон ҷой дорад дар самти риояи тавсияи табибон дар давраи паҳншавии пандемияи «Covid-19» рейдҳои шабона ва рӯзона гузарониданд.
Дар ҳама нуқтаҳои ташрифотие, ки гурӯҳи корӣ санҷиш гузаронид ҳарчанд хавфу хатари бемории сироятии «Covid-19» ба пуррагӣ ба охир нарасида бошад ҳам, фосилаи иҷтимоӣ умуман риоя нагардида, дилхоҳ мизоҷ бе истифода аз ниқоби муҳофизатӣ ва санҷидани ҳарорат ворид мегардид.
Натиҷаи рейдҳои шабона ва рӯзона нишон дод, ки меъёрҳои манъкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро на ҳама волидайн риоя мекунанд. Масалан шабона баъди соати муқаррар намудаи қонун 4 нафар ноболиғ се нафар хонандаи Гимназияи №4 ва як нафар хонандаи Гимназияи №13-и шаҳри Хуҷанд аз дохили маркази пешбурди бозиҳои компютерӣ берун оварда шуданд. Ё ин, ки рӯзона 7 нафар хонандаи Гимназияи №4 машғули бозиҳои хусусияти зӯроваридошта муайян шуд, ки бо лавозимоти дарсӣ онҷо қарор доштанд. Дар баробари суҳбатҳои инфиродӣ милитсия аз таъсиррасониҳои ҳуқуқӣ кор гирифта, дар асоси моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ маводҳои маъмурӣ тартиб дод.
Ҳамчунин дар рафти рейди рӯзона дар вақту соати дарсӣ ҷойи таҳсилу касбомӯзӣ дилхушии ҷавонони донишҷӯ дар марказҳои бозии компютерӣ милитсияро бетараф нагузошт. Донишҷӯёни майл ба бозиҳои хусусияти зӯроваридошта 13 нафар аз ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, факултетҳои молия, физика, технология, 1 нафар аз факултети «Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ»-и Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон, се нафар муҳассилини Литсейи касбӣ техникии №31 шаҳри Хуҷанд ва 7 нафар аз Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон мавриди корбарии милитсия қарор гирифтанд. Маълумоти мазкур баҳри пешгирӣ аз таъсири манфӣ ба сифати таълиму тарбия ба муассисаҳои таълимӣ пешниҳод гардид.
Ҷиҳати пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ҳамингуна чорабиниҳо дар дигар самтҳои ба таълиму тарбия ва ҳаёту фаъолияти наврасону ҷавонон алоқаманд гузаронида хоҳад шуд.

Акбар Шарифӣ, майори милитсия




Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз! Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид. Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд. Қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Ба ин мақсад танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 40 миллиард ....>>>

Qonun25

© 2024 Сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани суроғаи сомона http://vkd.tj иҷозат дода мешавад
Яндекс.Метрика